Терроризм омили хонумонсӯзи ҷомеаи башарӣ

Терроризм — зуҳуроти хатаровар бар ҳаёти ҷомеа буда, таҳдид, тарсу ваҳм, қатлу куштор ва харобиҳоро ба сари инсоният меорад ва хилофи қонуну меъёрҳои осмониву заминӣ мебошад. Чӣ тавре асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму ойин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ тафаккураш ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».

Бояд қайд кард, ки донишмандон ва олимони мамолики аврупоӣ дар омӯзиш ва таҳқиқи омилҳои падидойии ин падида пардохтанд, зеро бефарқӣ нисбати ин зуҳуроти номатлуб омили нобут гаштани ҷомеаи башарӣ мегардад.  Бинобар ин, мо узви ногусастаи ҷамъият ҷиҳати пешгирӣ ва муҳофизати мардуми бошарафи миллати хеш камари ҳиммат баста, бояд қувваи ақлӣ ва зеҳнии худро баҳри аз байн бурдани ин падидаи хонумонсӯз истифода барем.

Ҷӣ тавре дар боло қайд гардид, таҳқиқу баррасии терроризм ва экстремизм ҳанӯз аз нимаи дуюми асри ХХ аз сӯи муҳаққиқону олимони Аврупо оғоз гардида, мутаассифона ин ғояи носолим саросари мамлакатҳои машриқзаминро низ фаро гирифтааст.

Боиси таассуф аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гирифтори ин зуҳуроти номатлуб гашта, тамоми мақомотҳои қудратӣ дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳурӣ дастаҷамъона баҳри решакан намудани ин падидаи носолим мубориза мебаранд. Чӣ тавре ба ҳамагон маълум аст, амалиёти терроризмиву ифротгароӣ, ихтилофоти мазоҳиби динӣ ва бесуботӣ натанҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки манотиқи Чину Туркиёву Русия ва Аврупо доман паҳн намудааст. Аз ин лиҳоз, амнияти миллӣ натанҳо амну суботи ватани азизи ҳар шахси алоҳидаи ҷомеаи башарӣ маҳсуб гашта, балки он марзи осудагӣ ва амнияти як қатор кишварҳои ҷаҳон мебошад.

Барҳақ, ҳар шахси соҳибақл вожаи «ифратгароӣ»-ро дар ҳар шаклу падидааш қабул надорад, зеро он ҳуқуқҳову озодиҳои инсонро поймол карда, инсонро ба сӯи бадбахтӣ ва нобудӣ мерасонад. Ифратгароӣ дар пайравӣ ба зуҳуроти терроризм шахсро ба самти иҷрои амалҳои номатлуби ғайри инсонӣ раҳнамоӣ мекунад, ки беҳуда донишмандон нафармудаанд: «ифротгароӣ ва терроризм — пешаи аҳриман аст».

Аз ин ҷиҳат, ба муқобили зуҳуроти ифратгароӣ ва терроризм ҳар шахси алоҳида бояд мубориза барад. Хушбахтона, ҳоло дар даврони истиқлолияти ҷумҳурӣ, кишвари маҳбуби мо ба дастовардҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва  кишоварзӣ ноил гаштааст,  ки ихтилофу зиддиятҳо, афзоиш ва густариши зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ метавонанд ин неъматҳоро ба арзи нобудӣ расонанд.

Имрӯз, омӯзгор ӯҳдадор аст, ки дар вуҷуди шогирдонаш эҳсоси гарми ватандустӣ, худогоҳиву худшиносӣ, дӯстдории арзишҳои муқаддаси миллӣ ва умумибашариро ба камолот расонида, қалби онҳоро бо ғояҳои хайри созанда чунон такмил диҳад, то ки бар эшон ҳарфе аз андешаву афкори ғаразнок боқӣ намонад.

Дар ҷараёни тарбия ва таълими шогирдон дар макотиби таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бояд ҳар гуна чорабиниву маҳфилҳо, вохуриҳо бо ашхоси рӯзгордида ва чеҳраҳои фарҳехта ташкил дод, то ки шогирдони худро аз оқибатҳои фоҷиабори амалиёти террористиву экстремистӣ огаҳ намоем. Зеро дар заминаи амалӣ гаштани ҳадафҳои барномаи давлатии «Стратегияи миллии муқовимат бо экстремизм ва терроризм» ҳиссаи хешро гузорем.

Боиси тазаккур аст, ки имрӯз насли наврас бояд ҳар дақиқаи бобаракоти ҳаёти хешро баҳри донишомузӣ сарф намуда, кӯшиш ба харҷ диҳанд, то ки ба амалҳои ношоистаи экстремистиву террористӣ даст наолоянд. Аз ин рӯ, онҳо бояд дониш ва таҷрибаи рӯзгор гиранд ва беҳтарин лаҳазоти зиндагии хешро ҷиҳати рушд ва гулгулшуфии ватани худ истифода баранд.

Хулоса, имрўз зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ вабои аср бар амнияти ҷомеаи башарӣ гашта, он хатари на камтар аз яроқи ядроӣ ба миён овардааст. Чунончи дар ин маврид, асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст”.

Ҳамин гуна, аз ҷавонони ҳушманду соҳибақл хоҳиш карда мешавад, ки ҳидоятҳои Сарвари давлатро сардафтари хеш гардонида, ҳамзамон аз падидаҳои нангину номатлуб ва хонумонсӯз худдорӣ карда, аҳли ҷомеаро зери хатар нагузоранд.

Назирҷон Мирмуллоев,

мутахассиси шуъбаи

 таҳлил ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>