Конференсияи якҷояи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Бӯстон

IMG_7354 - копия

Имрӯз, санаи 7 — уми январи соли 2020 дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  Конференсияи якҷояи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Бӯстон баргузор гардид, ки дар он 175 нафар вакилон аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 90 нафар вакилон аз шаҳри Бӯстон ширкат варзиданд.

Дар кори Конференсия Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳои Бӯстон Миршакар Ҷалолзода,  раиси комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муллобоев Рауф Қаюмович, аъзоёни Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, гурӯҳҳои таблиғотӣ, гурӯҳҳои мобилӣ, аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Матлубахон Амонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ӯрунхоҷаев №15  Абдуллоева Моҳира Мансурҷоновнаро муаррифӣ намуд.

Таъкид гардид, ки вазифаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ он аст, ки ҷиҳати дар доираи қонун, ошкору шаффоф ва тибқи меъёрҳои демократӣ баргузор шудани чорабинии муҳимми сиёсӣ иқдоми заруриро роҳандозӣ намояд.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки ҲХДТ барои ғолиб омадан дар интихобот бояд шахсони донишманд, ботаҷриба, шинохта ва соҳибэҳтиромро ҳамчун номзад пешниҳод намояд. Албатта, дар сафи ҳизби мо чунин шахсон зиёданд ва мо бояд беҳтаринҳоро барои панҷ соли оянда интихоб намоем ва бо ин роҳ дар раванди таҳияи қонунҳое, ки ба пешрафти кишвари азизамон – Тоҷикистон мусоидат менамоянд, саҳми арзишманд гузорем”.

Дар кори конференсия 265 нафар вакил иштирок намуда, аз ин шумора 256 нафар ба тарафдории номзад Абдуллоева Моҳира Мансурҷоновна овоз доданд, зид 3 нафар ва 6 бюллетен беътибор дониста шуд.

Дар фарҷоми кори конференсия Абдуллоева Моҳира Мансурҷоновна барои боварию эътимоди вакилон изҳори сипос намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>