Рушди маориф – кафили тараққиёти давлат

Б.Ғ.5

Дар маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии маҳаллаи Арбоб вохӯрии кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолони соҳаи маорифи ҷамоати Хистеварз доир гардид.

Мақсад аз ин мулоқот шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти мамлакат маҳсуб мешуд.

Охунова Аниса, раиси шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъкид намуд, ки маориф соҳаи афзалиятноки давлат буда, ин нукта дар Паёми навбатӣ низ зикр шуд.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар қайд намуданд, ки бе рушди соҳаи илму маориф давлату ҳукумат пеш рафта наметавонад. Маҳз омӯзгор, муаллим, мактаб насли наврасро тарбия намуда, шогирдони бо илму бофарҳанг  ва кадрҳои баландихтисосро омода менамоянд”.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>