Ҷашни Саразм — ибтикори наҷиби Пешвои миллат

IMG_0720

Таҳти ҳамин унвон бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, омӯзгорону донишҷӯён дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ҳамоиши ҳизбӣ баргузор шуд.

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода таъкид намуд, ки арҷгузорӣ ба таърихи ғановатманди миллат дар меҳвари сиёсати фарҳангии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва таҷлили 5500 — солагии бостоншаҳри Саразм ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон аз зумраи ташаббусҳои шоиста дар ин самт маҳсуб меёбад.

Дар бораи ҷойгоҳи ёдгории Саразми бостонӣ дар муайян намудани таърихи миллат, саҳми Пешвои миллат дар таҳқиқ ва арҷгузорӣ ба ин ёдгории беназир, омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 5500 — солагии бостоншаҳри Саразм Норинисо Худоёрова, сарвари мамнӯъгоҳи таърихӣ- бостоншиносии Саразм- Панҷакент сухан кард.

Ҳамзамон, ба сокинон ва меҳмонони шаҳр варақаҳои тарғиботӣ бахшида ба  5500 — солагии бостоншаҳри Саразм тақдим карда шуд.

Хотиррасон менамоем, ки кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент сарпарастии иттилоотӣ ва маънавии ин ҷашни бошукӯҳро  ба ӯҳда гирифтааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>