Терроризмро маҳкум менамоем!

Таҳдиду хатарҳои терроризму экстремизм ҷаҳони имрӯзаро фаро гирифта, кишварҳои Афғонистон, Сурия, Ироқ ба маркази бедодгариҳои террористон табдил ёфтаанд.

Гурӯҳҳои ифротӣ бо ҷойгир шудан дар қаламрави ин давлатҳо имконият пайдо мекунанд, ки манбаи бузурги молиявӣ ба даст оранд.

Яке аз гурӯҳҳои даҳшатноктарини террористӣ, ки баҳри расидан ба ҳадафҳои нопок дар қаламрави ин мамлакатҳо амал мекунад, ДИИШ (Давлати Исломии Ироқу Шом) ба ҳисоб меравад. Фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ баҳри нооромии авзои сиёсии ҷаҳон ва дар хатар гузоштани ҳаёти инсон равона гаштаанд. Мақсади ҳаракатҳои ифротгароӣ барангехтани кинаву адоват дар ҷомеа, зери ниқоби дини мубини ислом ба даст овардани эътиқоди мардуми мусулмон ва ба ин васила амалӣ намудани хостаҳои гурӯҳҳои хатарзо тавассути кирдорҳои ғайриинсонӣ мебошад.

Яке аз амалиётҳои разилонаи ин ташкилоти ифротӣ ҳуҷуми мусаллаҳонаи онҳо ба дидбонгоҳи Ишқобод мебошад, ки хуни чандин бегуноҳ дар он рехта шуд. Дар ин амалиёт онҳо мардуми гумроҳи тоҷикро ба доми худ афканда, бар зидди халқи худ бархезонданд.

Мудҳиш он буд, ки дар ин амалиёти нангин занону кӯдаконро истифода бурданд. Занон чун террорист ба қатли ҷанговарони бегуноҳ сабаб гаштанд. Ин амали нангини занонро таърихи терроризм ёд надорад. Ман, чун зан, модар амалҳои разилонаи ин хоинони Ватанро маҳкум менамоям. Домони зан ин домони сабзи ҳаёт аст, на домони марг, зан олиҳаи ҳусн аст, на аждаҳои марг. Меҳри зан-модар ҳаёти инсонро гул мекунад, на хазон.

Ин тоифа занон, умуман террористон, ба мардуми шарифи Истаравшан мансуб нестанд. Ба гуфтаи Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон террорист Ватан, миллат, дину мазҳаб надорад.

Нест бод терроризм!

 Маъмурова Замира,

омӯзгори МТМУ №39

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>