Паём- роҳнамои имрӯзу фардои миллат

444445

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар бори дигар ба саҳми занон дар ҷомеа таъкид намуда, қайд карданд, ки ҳоло шумораи занон дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва кадрҳои роҳбарикунанда хеле зиёд буда, минбаъд низ ба занон диққати бештар дода мешавад.

Дар тамоми баромаду суханрониҳояшон Пешвои миллат ба нақш ва мақоми зан диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Мутаассифона, занҳое ёфт мешаванд, ки аз ин дастгириҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар шукргузорӣ накарда, ба ҳар гуна ақидаҳои ифротӣ бовар намуда, гумрох мешаванд. Ба ин мисол воқеаҳои санаи 6 нояри соли 2019 дар назди сарҳад содиршуда мебошад. Шахсе, ки ба марзу буми Ватан, хоки поки он хиёнат мекунад, ӯ ба модару фарзандаш хиёнат кардааст. Зеро чуноне, ки Пешвои муаззами миллат мегуянд; «Мо бояд ватани худро дӯст дорем, иттифоқ бошем, шукронаи ин давлату ин миллат кунем».

Мо занони фаоли ҳизб тамоми модарону хоҳарони кишварро даъват мекунем, ки барои ободиву осоиштагӣ, тинҷиву оромӣ, рушду нумӯи ҷомеа саъю кӯшиш намуда, дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ шуда, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ тарбия намоем ва нагузорем, ки ягон душмани нохалаф ин тинҷиву оромиро вайрон кунад ва сулҳи ба дастовардаи моро халалдор созад.

Мудири шуъбаи кор бо

занони КИ ҲХДТ дар

ноҳияи Ҷаббор Расулов:                           Рустамзода Қумринисо

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>