Ҷавонон ояндасози миллатанд.

444445

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллатанд. Дарҳақиқат ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Ҷавонон муаррификунандаи давлату кишваранд. Ҷавонон ояндасози имрӯзу фардои ватананд. Мамлакатро беҷавонон тасаввур карда намешавад. Тоҷикистонро кишвари ҷавонон мегӯянд, зеро шумораи бештари аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил мекунанд. Тоҷикистон тавассути ҷавонони созандаю ободкории худ рушд мекунад ва солҳои минбаъда ба як давлати мутараққию пешрафтаи ҷаҳон табдил меёбад. Ҷавонон тавассути донишу қобилияти худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, парчамбардорӣ меҳан мешаванд.

Маълум аст, ки на танҳо Тоҷикистон, балки дар аксарияти кишварҳои олам, дар гузаштаи таърихӣ ва имрӯз, масъалаҳои марбут ба ҷавонон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дорад. Дар давраҳои қадим масъалаи ҷавонон дар сиёсати давлатдорӣ аҳамияти махсусу аввалиндараҷа дошт ва ба ҷавонон ҳамчун нерӯи азими ҷисмонӣ диққат медоданд ва онҳоро аз лиҳози руҳиву равонӣ барои таъмини амнияти кишвар ва ба хотири амалӣ намудани мақсадҳои стратегияи ҳарбии давлатӣ омода ва истифода мекарданд.

Дар асоси Паёмҳои Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дигар суханрониҳо ва дастуру супоришҳое, ки дар иртибот ба тарбияи насли наврас ва ҷавонони кишвар мунтазам дода мешаванд, рушди пайгиронаи соҳаи маориф таъмин гардида, мактаб ва илму маориф, инчунин рушди инсонӣ дар сиёсати кунунии давлату Ҳукумат ба сатҳи масъалаи аввалиндараҷа бардошта шуд. Дар Тоҷикистон масъалаи тарбияи ҷавонон аҳмияти калон дорад. Дар Тоҷикистон барои ҷавонон ҳамаи шароитҳо мавҷуд аст. Барои он ки аз ин ҳолат баҳра барем, мо бояд ҷавонони худро аз айёми тифлӣ тарбия кунем, дар шуури онҳо роҳи ояндаи беҳтареро тарбия намоем, ба камол расонем.

Исматова Дилафрӯз, корманди

КИ ҲХДТ  дар ноҳияи Ҷаббор Расулов.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>