Вохурӣ бо занони хонашини Ҷамоати шаҳраки Бӯстон

Мастчоҳ. Тибқи нақша чорабинии бахши кор бо занони кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар толори МТМУ №1  вохурӣ бо занону духтарони хонашини Ҷамоати шаҳраки Бӯстон оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила” баргузор гардид.  Дар вохурӣ Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Зокиров Д.М.,  раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Яқубова Сурайё ва котиби Ҷамоат Шарифова Фазилат иштирок доштанд. Вохуриро Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Зокиров Д. бо сухани муқаддимавӣ кушода, ҳозиринро бо мазмуну мӯҳтавои вохурии имрӯза шинос намуда, дар бораи  нақши зан-модар дар пойдории оилаҳо ҳарф зад. Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия — собиқадори ҳизб Яқубова Сурайё  дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила” ва намудҳои он,  пешгирии вайроншавии оилаҳо ҳарф зада, аз ҷумла қайд намуд, ки дар ҷамъбасти 9 моҳаи соли равон дар ноҳия 101 адад оила вайрон шудааст, ки 15 адади он ба Ҷамоати шаҳраки Бӯстон рост меояд. Агар дар 15 оилаи пошхурдаи ҷамоат 1 нафарӣ фарзанд бошад, 15 кӯдак аз тарбияи ё падар ё модар маҳрум гашт, ки ин ба инкишофи ҳамаҷонибаи ӯ таъсири манфӣ мегузорад.  Дар пойдории оилаҳои ҷавон хушдоманҳо нақши калидӣ доранд. Дар бисёр мавридҳо модарон дар асоси ишқу муҳаббат нею аз рӯи ҳавою ҳаваси худ келин интихоб мекунанд, аксар духтарони синни мактабиро арус интихоб мекунанд. Духтари интихоб намудаи модар ба писар маъқул мешавад, вале ӯ ҳануз ба ҳаёти мустақилона тайёр нест, аз уҳдаи саранҷому саришта кардани корҳои рӯзгор намебарояд.  Дар ин маврид бисёр хушдоманҳо ба ҷои таҷрибаи ҳаётии худро ба келин омӯзонидан, баръаск ӯро ба писари худ бад нишон дода, оқибат ба пошхурии оила оварда мерасонад. Падару модар ба ҳаёти мустақилона духтаронро тайёр намоянд. Пеш аз хонадор кардан духтарро хононда соҳиби маълумот ва касбу ҳунар намоянд.  Духтари тарбиятдида фардо фарзандони худро хуб тарбия карда метавонад, ҳатто дар азхудкунии дарсҳо ба фарзандонаш дар баробари омӯзгорон ёрӣ мерасонад. Номбурда инчунин дар бораи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риояи ҳатмии онҳо, манъи никоҳи хешутаборӣ, оиди ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро нагаравидани ҷавонон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ кард. Дар вохурӣ бо занони ҷамоати шаҳрак раисони маҳаллаҳо Саидолимов Тоҷиддин ва Каримов Шоимбек иштирок доштанд. Онҳо пешниҳод намуданд, ки дар чунин вохуриҳо мардҳо низ даъват карда шаванд, чунки дар бисёр мавридҳо зуроварӣ ва хушунат дар оила аз ҷониби мардҳо сар мезанад. Корманди китобхонаи марказии ноҳия Ниёзбадалова Парвина ба музокира баромада нисбати ба китобхонӣ шавқу завқ надоштани аксари ҷавонони имрӯза изҳори нигаронӣ кард. Аҳли толор ба меҳмонон оиди мушкилоти худ якчанд савол дода ба саволҳои худ ҷавоб гирифтанд. Дар охири вохурӣ ба иштирокчиён шумораи виҷаи рӯзномаи “Нигоҳи халқ” ва телефонҳои боварии марказҳои занон дар ноҳия ва вилоят дастрас карда шуданд. Вохуриро котиби Ҷамоати шаҳраки Бӯстон Шарифова Фазилат  ҷамъбаст намуд, ба меҳмонон барои баргузории чунин вохурии муфид изҳори сипосу миннатдорӣ баён кард.   

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>