ТЕРРОРИЗМ – ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

Безымянный-1

Терроризм ва экстремизм аз рӯи оқибатҳои худ яке аз ҷиддитарин таҳдидҳои ҷаҳони муосир мансуб ёфта, амнияти инсоният, сулҳу субот ва истиқлолияти давлатии кишварҳоро зери хатар мегузорад.

Зери мафҳуми “терроризм” ин содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпаронӣ, расонидани зарар ба амвол, халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва тарсонидани аҳолӣ фаҳмида мешавад.

“Экстремизм”(ифротгароӣ) бошад ин изҳороти фаъолияи ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаргункунии сохти конститутсионӣ, ғасби ҳокимият, ангезондани наҷодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.

Таъсири манфии ин зуҳуротҳои номатлуб бахусус пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Осиёи марказӣ баръало зоҳир шуд. Аз шароити номусоид ва ноустувори давлатҳои тозаистиқлол, аз ҷумла Тоҷикистон истифода бурда, ба кишвар нерӯҳои ифротгароӣ роҳ ёфта, ба таблиғу ташвиқ ва амалӣ намудани ақидаҳои ифротгароёнаи худ шурӯъ намуданд.

Дар сафи пеши ин гурӯҳҳои ифротгароӣ қабл аз ҳама иттиҳоди ҷиноии экстремистию террористии “Ансоруллоҳ”, ”Ал-қоида”, “Ҳаракати Исломии Туркистон”, “Ҳаракати Толибон”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, равияи “Салафия”  ва ғайраҳо қарор доданд, ки бо ҳар гуна роҳҳо обрӯи давлатро коста гардонида, эҷоди бесарусомониҳо ва инчунин дар муносибатҳои дипломатии байни давлатҳо ноҳамгапиро баргузор намудан мақсади онҳоро дарбар мегирад. Барои ҳамин ҳам қарзии шаҳрвандии мост, ки мо бо ҳар гуна роҳҳо барои пеши роҳи ин хатари умумибашариро гирифта ба мардум ҳаёти осоиштаро муҳайё намоем. Агар мо бетарафиро интихоб намоем ин оқибати хубро надорад, ки дар мисолҳои ҳодисаҳое, ки дар мамлакатҳои Англия, Фаронса, Миср ва Афғонистон рух дод аз он шаҳодат медиҳанд, ки дасти терроризм бо ҳар роҳу восита аз лонаи хеш ба минтақаҳои дурдаст расида, мехоҳад амалҳои касифу нобахшиданӣ ва бераҳмонаву ҷоҳилонаро анҷом диҳад. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоишта, алалхусус занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мешавад.

Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад ва онро ислоҳ намудан ғайриимкон аст.

Харобу валангор гардидани садҳо бинову иншоот, ҷон бохтани мардуми осоишта, фирор намудани аҳолӣ аз макони зист подоши расидан ба ҳадафҳои ҷинояткоронаи ин гурӯҳҳо аст. Имрӯз ҳазорҳо нафар мардуми кишварҳои ҷангзада ба умеди амният ва осудагӣ роҳ ҷониби кишварҳои Аврупо мегиранд ва он ҷо низ онҳоро мушкилоти зиёде пеш меояд. Ягона роҳи ҳалли ин масъала ҳамкорӣ ва мусоидат кардан ба мақомоти қудратӣ дар мубоиза бо терроризм ва экстремизм мебошад, то суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани хеш зиндагии осоишта ба сар бурда метавонад.

Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талош менамояд  то ки аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо худдорӣ намояд. Бо ин мақсад аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонунҳо ва санадҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» (соли 1999), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (соли 2006), Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)» (соли 2006) ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд. Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин даҳшат ва бераҳмӣ гирифта мешавад.

 

Набиева Ҳ.Н.

аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

устоди ДПДТТХ 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>