Оғози таблиғи номзадон ба вакилони халқ

1

Дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти номзадон ба вакилии маҷлиси шаҳрӣ, вилоятӣ ва парлумони касбӣ оғоз гардид. Нахустин мулоқот дар Комиссияи ҳавзавии Раззоқ №1 оид ба интихоботи маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд воқеъ дар МТМУ №27 ҷойгир аст, баргузор гардид. Дар ин муассисаи таълимӣ ҳамзамон участкаи интихоботии №2-и ҳавзаи интихоботии Масҷиди Сурх 5 оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд низ ҷойгир карда шудааст.

Наим Маликисломӣ, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабиниро оғоз намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоботи вакилони даъвати нав ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, вилоятҳо ва интихоботи вакилон ба ҷамоатҳои деҳот ва шаҳракҳо 1 марти соли 2020 ба нақша гирифта шудааст. Ин шашумин интихоботи парлумонӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Наим Маликисломӣ зикр намуд, ки бо мақсади муаррифии номзадон ба маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд мулоқоти имрӯза сурат гирифта истодааст. Ва дар мулоқот номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд №13 Гулбаҳор Назирӣ, шахси боэътимоди номзад ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Дилафрӯз Саидӣ –Анвар Ҳоҷиев, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Замира Ҳомидова ва номзадон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Хуршед Ғафуров, Зебо Аминова бо мақсади муаррифии барномаи пешазинтихоботии худ ҳузур доранд.

Сипас, Гулбаҳор Назирӣ номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд №13, Анвар Ҳоҷиев, шахси боэътимоди номзад ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Дилафрӯз Саидӣ, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Замира Ҳомидова ва номзадон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Хуршед Ғафуров ва Зебо Аминова баромад намуда, барномаҳои пешазинтихобтии хешро муаррифӣ карданд. Номзадҳо ба вакилони халқӣ аз интихобкунандагон даъват ба амал оварданд, рӯзи интихобот фаъолона ширкат варзида ба номзадони арзанда раъйи худро диҳанд.

Бояд қайд намуд, ки баргузории чунин мулоқотҳои номзадон ба вакилони халқ дар участкаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон то санаи 28-уми феврали соли 2020 тибқи нақша пешбинӣ гардидааст.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>