Мулоқот дар Ҷамоатҳои деҳоти Шодоба

20200211_111432

Гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар ҳайати Амонов А., раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи ДДҲБСТ, Тюряев Ҷ., ҷонишини раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Сомон” дар назди  кумитаи маҳаллаи  Суғдиёни шаҳри Хуҷанд, устоди ДДҲБСТ ва раиси Шӯрои собиқадорони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Мадаминова М.  ҷиҳати ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  толори Ҷамоатҳои деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мулоқот оростанд.

Зимни баромадҳо мӯҳтавои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ба иштирокчиёни мулоқот расонида шуд. Ҳамчунин, оид ба мароми ҲХДТ ва дигар масъалаҳои марбути ин маъракаи муҳими сиёсӣ, ки сарнавишти кишвари моро барои панҷ соли оянда муайян хоҳад намуд, андешаҳои ҷолибу судманд изҳор доштанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>