Вохӯрӣ бо номзадҳо

Безымянный

 Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии  Бобоҷон Ғафуров № 14 Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ мулоқот доир гардид. Дар мулоқот намояндаи Ситоди пешазинтихоботии КИМ ҲХДТ Бобоҷониён Р.М. ва зиёда аз 400 нафар интихобкунандагон аз Ҷамоатҳои Исфисор, Зарзамин иштирок намуданд.

     Нахуст Қосимӣ Х.Н.- раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров № 14 оид ба интихоботи номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   чорабиниро оғоз намуда, оиди мақсади баргузории ин мулоқот  суханронӣ намуд. Бобоҷониён Раъно Маҳмудзода  оид ба самтҳои  асосии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баромад кард.

   Мирпоччоева М., ки шахси боэътимоди номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ маҳсуб меёбад,  интихобкунандагонро бо  ҳаёт ва фаъолияти номзад шинос намуд. Мавлудахон Зайнӣ низ  Барномаи пешазинтихоботиашро муаррифӣ кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>