Барномаи ҲХДТ — ҳуҷҷати раҳнамо

Безымянный

 Дар ҳавзаи интихоботии “Ваҳдат” № 1 бо интихобкунандагон мулоқот доир гардид. Мақсад аз ин вохӯрӣ ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ мебошад. Дар ин мулоқот аъзои гурӯҳи тарғиботии КИВ ҲХДТ Саидумрон Саидов, роҳбари дастгоҳи кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Зоҳидов А., номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии “Ваҳдат “ № 1  Ҳакимов Ҳ. иштирок намуданд.

   Саидов С. зимни баромад қайд кард, ки  дар таҷрибаи ҷаҳонӣ барномаи ҳар як ҳизби сиёсие, ки раъйи бештари мардумро ба даст меоварад, ҳамчун барномаи Ҳукумат пазируфта мешавад. Аз ин назар, дар тамоми шохаҳои ҳокимият намояндагони  ҳизби мо фаъолияти пурсамар дошта, татбиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ-ро марҳила ба марҳила анҷом медиҳанд. Чӣ хеле Пешвои миллат ҳини суханронии хеш дар Анҷумани ҲХДТ ва ҳам дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии ҶТ ироа доштанд, он нақша ва Барномаи пешазинтихоботие, ки таҳти шиори “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” панҷ сол муқаддам дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат- иқтисодиёт,энергетика ва саноат, амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ, сиёсати иҷтимоӣ, инкишофи инфрасохтори коммуникатсионӣ ва роҳу нақлиёт, муносибатҳои байналмилалӣ, илму маориф ва фарҳанг, сиёсати ҷавонон ва варзиш, ислоҳоти ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузорӣ қабул шуда буд, пурра амалӣ гардида, бо ин барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>