Интихобот ва ҷавонон

Безымянный

Дар ташкилоти ибтидоии Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан, ки наздики 1000 нафар донишҷӯён дар он бори аввал овоз медиҳанд корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати баргузории интихоботҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ васеъ ба роҳ монда шуда истодааст. Дирӯз бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоӣ Илҳом Раҷабов ва омӯзгорони коллеҷ клуби сиёсии ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон ва интихобот” баргузор гардид.

Дар ҷамъомад омӯзгорони коллеҷ Суннатулло Мустафоев ва Акрам Табуров дар мавзӯи “Интихобот – маъракаи муҳими сиёсӣ” ва номзадҳои сазовори ҲХДТ маърӯза карданд.

Донишҷӯёни коллеҷ Абдуғаффорова Мадина ва Ахмедова Ҳуснигор баромад намуда, изҳори хурсандӣ намуданд, ки бори аввал дар интихобот иштирок мекунанд. Сипас, байни устодон ва донишҷӯён саволу ҷавоб оид ба баргузории интихобот ва қонунҳои амалкунандаи он барпо гардид, ки толибилмон дар он фаъолона ширкат варзиданд.

Донишҷӯён саҳнаеро таҳти унвони “Барои ободонии Тоҷикистон овоз медиҳем!” ба намоиш гузоштанд, ки ҳар як шаҳрванд худаш дар овоздиҳӣ бояд иштирок намояд. Ҷамъомад хеле хотирмон доир гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>