Ташвиқоти пешазинтихоботӣ

IMG-836326339c48611d08cd94c023aa8a85-V

Тибқи нақшаи  чорабиниҳои тасдиқгардида вохӯриҳои номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Равшан Муҳитдин аз ҳавзаи якмандатаи Конибодом №19 ва номзаҳо ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ  бо интихобкунандагон идома ёфт.

    Мулоқот дар Беморхонаи марказии шаҳр бо иштироки ҷомеаи меҳнатии беморхонаи мазкур  ва кормандони сохтори КАТС баргузор карда шуд.

     Дар вохӯрӣ номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Равшан Муҳитдин,   номзадҳо аз ҲХДТ  ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Ғафурова Заррина ва маҷлиси шаҳрӣ Орифҷонова Парвина иштирок намуданд.                                     

     Пас аз муаррифии номзадҳо аз ҷониби шахсони боэътимод Раҷабзода Равшан Муҳитдин оид ба фаъолияти худ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар ҳамчун вакили мардумӣ  давоми солҳои 2015-2020 маълумот дода, сипас  бобати самтҳои асосии барномаи пешазинтихоботии худ, аз ҷумла, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат,  рушду пешрафти тамоми соҳаҳо ҳарф зад.  Ҳамчунин, Раҷабзода Р, М. дар атрофи дастовардҳои солҳоли охир дар соҳаи тандурустӣ, дастрасии мутахассисони соҳа ба таҷҳизоти муосири тиббӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сокинон андешаронӣ намуда,  саҳми бевоситаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  дар пойдории сулҳу субот дар ҷомеа ва ободиву осудагии рӯзгори мардум зикр дошт.

    Иштирокдорони мулоқот  дархосту пешниҳодҳои  хешро доир ба масъалаҳои ҳалталаби соҳа баён дошта, дастгирии ҳамаҷонибаи номзадҳоро ба вакилӣ изҳор доштанд.

   Чунин мулоқот дар Коллеҷи омӯзгории ба номи М. Турсунзодаи шаҳр бо иштироки ҷомеаи меҳнатии ин таълимгоҳ  ва сокинони кумитаҳои маҳаллии ҳудуди мазкур низ доир карда шуд.

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>