Мулоқот бо интихобкунандагон

IMG_1279

     Оғоз аз имрӯз  гурӯҳҳои тарғиботии Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҲХДТ  якҷо бо номзадҳои пешбаринамудаи ҳизб ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҳизб ва номзадҳои он шурӯъ намуданд.

          Чунин мулоқот бо иштироки номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Панҷакент, № 21 Шодизода Парвиз Шодибой, аъзоёни  гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Зоҳидҷон Олимов, Боҳирҷон Раҷабов, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода ва шахсони мӯътамади номзад дар шӯъбаи маорифи шаҳр, ҷамоатҳои деҳоти Шинг ва Халифа Ҳасан баргузор шуд.

          Дар оғози мулоқотҳо аъзоёни гурӯҳи тарғиботии Кумиҷроияи вилоятии ҳизб нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ- ро  ба интихобкунандагон шарҳ дода, таъкид доштанд, ки амалӣ  намудани ҳадафҳои ин барномаи созанда, ба рушди ҳама соҳаҳо заминаи боэътимод хоҳад гузошт.

          Шахсони мӯътамади номзад ба  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Парвиз Шодизода ҳозиринро бо кору рӯзгори номзад шинос карда, аз онҳо хоҳиш намуд, ба ҷонибдории номзадҳои пешбаринамудаи ҳизб овоз диҳанд.

          Номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олӣ Парвиз Шодизода дар бораи ҳадафҳои барномаи пешазинтихоботии худ сухан карда, ба Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боварӣ изҳори сипос намуд.

          Тибқи нақша чунин мулоқотҳо дар ҳамаи маҳаллаҳо ва ҷамоатҳои деҳот баргузор мешаванд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>