Суҳбати рӯ ба рӯ

jj1

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои муовини  якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  мӯҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ, ки чунин таъкид намуда буданд: “Баргузор намудани аксияҳо; мулоқоти  “кӯча ба кӯча” ва ё суҳбатҳои “рӯ ба рӯ” бояд аз усулҳои таъсирбахши номзадҳо ва гурӯҳҳои таблиғотии мо бошанд”. Дар ин асос кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон аксияи “Суҳбатҳои рӯ ба рӯ”-ро пиёда намуда истодааст. Имрӯз дар асоси супориши раиси кумитаи иҷроияи ноҳия Р. Қодирӣ тамоми гурӯҳҳои таблиғотӣ ва номзадҳои пешбаришуда ба вакилии маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҲХДТ бо интихобкунандагон суҳбатҳои ошкорову рӯ ба рӯ доир намуда истодаанд.

Аз ҷумла, номзад ба вакилии маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавхаи интихоботии №8 “Шокиробод” Тошев Абдухолиқ бо интихобкунандагон доир ба барномаи пешазинтихоботии худ ва тарғибу ташвиқи  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 – 2025 мулоқоту вохӯриҳо гузаронида истодааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>