Идомаи Аксияи муқовимат бар зидди тамаъҷӯӣ

Панҷакент. Дар толори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ, хавфу хатари он дар пешрафти ҷомеа, монеа шудани он дар пешбурди вазифаи хизматӣ ва паст намудани шаъну шарафи хизматчиёни давлатӣ ва кормандони масъули ташкилоту муассисаҳо мулоқот доир гардид.  Мулоқотро ректори Донишкада, вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Ансоров М. оғоз бахшида, дар мавзӯи муқовимати шаҳрвандон бо коррупсия Раҷабзода  М.- Нозири калон оид ба пешгирии коррупсияи Шуъбаи минтақавии Раёсати Агентии назорати давлатии моливӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшони вилояти Суғд баромад намуда ба саволҳои аҳли толор ҷавоб дод ва шаҳрвандонро ба ҳамкорӣ даъват намуд. Иштирокчиёни чорабинӣ мавҷудияти ин падидаи номатдубро маҳкум намуда, пешгирии онро, ки шаъну эътибори шаҳрвандонро паст мезанад вазифаи шаҳрвандии худ маънидод намуданд. Дар мулоқот мудири шуъбаи тарғибот ва иттилооти  кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Лутфуллоев Б. иштирок ва суханронӣ намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>