Вохӯрии 300 нафар бо номзадҳо

12

Дар шаҳри Истаравшан дар ҷамоати деҳоти Ниҷонӣ бо иштироки наздик 300 нафар интихоботкунандагон вохӯрӣ бо номзадҳо ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва Маҷлиси вакилони халқ ва муаррифии ҲХДТ баргузор гардид. Вохӯриро муовини раиси комиссияи ҳавзавии интихоботии “Истаравшан” №23 Абдураҳмонзода Афзуналӣ ҳусни оғоз бахшида, суханро ба номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Аслонов аз ҲХДТ, ки худпешбарӣ кардааст, Нодиров Феҳраст, аз ҲХДТ, ки конференсияи якҷояи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ва н. Шаҳристон пешбарӣ кардааст, Эгамшукуров Мангубердӣ, аз ҲХДТ, аз н. Шаҳристон, худпешбарӣ кардааст ва Умаров Абдуҷаббор аз ҲКТ, ки Пленуми III – кумитаҳои Истаравшан ва Шаҳристон ҲКТ пешниҳод кардааст, вогузор намуд, ки онҳо бо барномаҳои пешазинтихоботии худ баромад намуданд. Дар вохӯрӣ намояндаи кумитаи Марказии ҲХДТ, доктори илми фалсафа Насиба Содиқова дар бораи фаъолияти босуботи ҲХДТ дар давоми 25 сол маълумот дод.

Чунин вохӯриҳо дар кумитаи маҳаллаҳои Лоҳутӣ, Айнӣ низ баргузор гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>