Ташвиқоти пешазинтихоботӣ

IMG-94fba49114dc8f1b2ea52cd1e181b87e-V

Мулоқоти  номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Равшан Муҳитдин аз ҳавзаи якмандатаи Конибодом №19 ва номзадҳо аз ҲХДТ ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ  бо интихобкунандагон идома ёфт.

     Дар ин вохӯрӣ номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Равшан Муҳитдин, номзад ба вакили Маҷлиси вилоятӣ Ғафурова Заррина ва  11 нафар номзадҳо ба вакили маҷлиси шаҳрӣ аз ҲХДТ  иштирок намуданд.

    Дар он номзадҳо асосан доир ба дастовардҳои солҳои охири мамлакат ва  рушду пешрафти самтҳои хоҷагии халқи кишвар изҳори андеша намуда, дастгириву ҷонибдории сиёсати оқилонаву дурандешонаи Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби баромадкунандагон таъкид гардид.

   Дар толори МТМУ №24 ба низ мулоқоти номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Равшан Муҳитдин  ва номзадҳо ба вакили маҷлисҳои вилоятиву шаҳрӣ аз ҲХДТ Шокиров Абдураим ва Мухторов Баҳром   бо сокинони ҷамоати деҳоти Пӯлодони шаҳри Конибодом баргузор карда шуд.

    Иштирокдорони мулоқотҳо суолу   дархост ва  пешниҳодҳои  хешро доир ба муаммоҳои  рӯз, аз ҷумла пешгирии  ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ба танзим даровардани фаъолияти нозироти андоз, чароғонсозиии кӯчаҳо ва ободии роҳҳо  баён карда, ҷонибдории хешро аз  номзадҳо изҳор  намуданд.

  Вохӯриҳо тибқи нақша идома доранд.

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>