Мулоқотҳо дар Косатарошу Чинор

13

 Шумо ба ҷонибдории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва номзадҳои он овоз дода, барои шукуфоии Ватанамон замина мегузоред. Мӯҳтавои суханронии аъзоёни гурӯҳи муштараки тарғиботии Кумиҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҳизб ва номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шодизода Парвиз Шодибойро бо интихобкунандагон дар беморхонаи марказӣ, ҷамоатҳои деҳоти Косатарош ва Чинори шаҳри Панҷакент, ки имрӯз баргузор шуд, метавон ҳамин тавр унвон кард.

          Аз ҷумла, дар мулоқот бо сокинони ҷамоати деҳоти Косатарош, ки дар ҳудуди он коргоҳи азими КМ “Зарафшон” воқеъ аст, он қисмати Барномаи пешазинтихоботии ҳизб, ки ба рушди иқтисоду саноат, саноатикунонии кишвар марбут аст, бештар тафсир шуд. Аъзоёни гурӯҳи тарғиботии Кумиҷроияи вилоятии ҳизб Зоҳидҷон Олимов, Боҳирҷон Раҷабов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода,  бахшҳои гуногуни барномаи ҳизбиро ба ҳозирин шарҳ дода, таъкид намуданд, ки  онҳо ҳамоҳанг бо стратегияю барномаҳои Ҳукумати мамлакат аст.

          Номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи интихоботии Панҷакент, № 21 Шодизода Парвиз Шодибой  ба интихобкунандагон  барномаи пешазинтихоботиашро шарҳ дод.

          Мулоқоти гурӯҳи тарғиботӣ бо интихобкунандагон идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>