Сухан аз барномаи ҳизб

444445

Мулоқоти навбатии  гурӯҳи тарғиботии  муштараки Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҲХДТ ва номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ  имрӯз дар ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент бо иштироки беш аз сесад нафар интихобкунандагон баргузор шуд.

         Раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода дар ифтитоҳи  мулоқот аз рафти омодагӣ ба интихобот ва номзадҳои пешбаринамудаи ҳизб сухан кард. Аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ-корманди масъули Кумиҷроияи вилоятии ҳизб Олимҷон Зоҳидов ва устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Боҳирҷон Раҷабов нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии  ҳизбро ба ҳозирин шарҳ дода, аз онҳо даъват намуданд, ки  дар рӯзи интихобот ба ҷонибдории номзадҳои ҳизб овоз диҳанд.

          Номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, аз ҳавзаи интихоботии Панҷакент, № 21 Шодизода Парвиз Шодибойро  шахси мӯътамади ӯ Қиёмзода Шоҳида муаррифӣ намуд. Шодизода Парвиз Шодибой  барномаи пешазинтихоботиашро, ки дар заминаи барномаи ҳизб омода шуда, аз тариқи  такмил, таҳия ва қабули қонунҳо таъмини рушди ҷомеаро пешбинӣ мекунад,  шарҳ дод.

          Чанде аз иштирокчиёни мулоқот  ба сухан баромада, ҷонибдориашонро аз сиёсати  Пешвои миллат ва Барномаи ҲХДТ изҳор намуданд.

   Чунин мулоқотҳо имрӯз бо интихобкунандаҳо дар ҷамоатҳои Амондара  ва Хурмӣ низ баргузор шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>