Масъулиятшинос бояд буд!

1

Дар ҳавзаи интихоботии «Дуредгарон» №6 мулоқоти номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ,  номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят Дилафрӯз Саидӣ, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Қаҳҳорзода Меҳрдод  ва номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Заррина Маннонова доир гардид.

Раиси ҳавзаи вилоятӣ  «Масҷиди Сурх» №5  Нурматов Хайрулло чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, интихобкунандагонро бо номзадони пешбаришаванда ва шахсони боэътимоди онҳо ошно намуд.

Сипас, шахсони боэътмод ва худи номзадон аз дурнамои Барномаи пешазинтихоботии худ назди интихобкунандагон маърӯза намуданд.

Дар баромади Гулбаҳор Назирӣ зикр шуд, ки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар будан ифтихор нест, балки масъулият аст. Зеро вакил ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои интихобкунандагонро бояд дар сатҳи Парлумони касбӣ ҳимоя кунад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>