Нуктаҳои муҳими барномаи номзад

Fotoram.io (15)

Дар ҳавзаи интихоботии «Масҷиди Савр» №3, ки дар Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз воқеъ аст, вохӯриву мулоқоти сокинони ҳудуди ҳавза бо номзадҳои пешбаришуда ба вакилии Маҷлиси намояндагону Маҷлисҳои маҳаллӣ доир гардид.

Шахси  боэътимоди Гулбаҳор Назирӣ, номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусабур Абдуваҳобов аз зиндагинома ва фаъолияти меҳнатии номзад сухан намуда, зикр дошт, ки бо назардошти иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин нерӯи қудратманд тариқи конфронсҳои ҳисоботию интихоботии худ афзалияти бештарро ба занону бонувон ва ҷавонон медиҳад. Бо назардошти фаъолияти пурсамари Гулбаҳор Назирӣ дар парлумони касбии кишвар номзадии ӯ дубора ба ҳайси вакил аз ҷониби ҳизбиён пешбарӣ гардида, ҷавҳари барномаи пешазинтихоботии ӯро Барномаи ҲХДТ таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоиста» ташкил медиҳад.  Мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум, то ба мақомотҳои болоӣ бурда расонидани ниёзҳои интихобкунандагон, ширкати фаъолона дар татбиқи сиёсати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оиди баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, ватандориву меҳанпарастӣ ва маънавиёти ҷомеа, назари хосса ба рушди соҳаи маориф, дастгирии моддиву маънавии муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр, мусоидат намудан ба ташаккули зеҳнии хонандагони соҳибистеъдод дар самти донишандӯзӣ, саҳм гирифтан баҳри татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» нуктаҳои меҳварии номзад маҳсуб меёбанд.

Сипас шахсони боэътимоди Дилафрӯз Саидӣ, номзад ба вакилии Маҷлиси вилоятии Маҷлиси вакилони халқ аз ҳавзаи интихоботии «Масҷиди Сурх», №5,  Азимова Моҳира, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботи «Масҷиди Савр»№3  зимни суханронӣ аз шарҳи ҳол ва нуктаҳои муҳими барномаҳои он ҳозиринро шинос кард.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>