Масъулият дар такя ба Барнома

изображение_viber_2020-02-13_16-49-18

Сокинони ҳудуди ҳавзаи интихоботии “Домулло Азизов” № 13, бо номзадҳои пешбаришуда ба вакилии Маҷлиси намояндагону Маҷлисҳои маҳаллӣ мулоқоту вохӯрӣ доир намуданд. Шахсони боэътимод ва худи номзадон, аз ҷумла номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи “Бобоҷон Ғафуров” № 14 Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ  аз дурнамои Барномаи пешазинтихоботии худ назди интихобкунандагон маърӯза намуданд.

     Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ин вохӯриҳо намояндаи ситоди пешазинтихоботии КИМ ҲХДТ Бобоҷониён Ранохон Махмудзода муаррифӣ намуд.

     Иштирокчиёни мулоқот низ ба сухан баромада, ҷонибдориашонро аз сиёсати Пешвои миллат ва Барномаи ҲХДТ изҳор намуданд. Чунин вохӯриҳо дар ҳавзаҳои интихоботии “Сари Осиё” № 12, “Чинор” № 14,”Баҳористон” № 15-и ҷамоати деҳоти Хистеварз бо ҷалби зиёда 300 нафар интихобкунандагон гузаронида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>