Аксияи хайриявӣ

20200211_143916 1

КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон якҷоя бо номзад ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Ваҳдат” №10 Абдуқодирова Нодира  дар доираи маъракаи сиёсии интихобот амалҳои хайриявӣ, аёдати ниёзмандон ва собиқадорони ҳизбро  ба роҳ монд. Панҷ оила аёдат карда шуда, ба онҳо кӯмаки  моддӣ дар шакли маводи хӯрокворӣ супорида шуд. Аёдаткардашудагон аз чунин ғамхориҳо ба Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосгузорӣ ва шукронаи Истиқлолияти давлатӣ карданд.

     Бояд қайд кард, ки яке аз самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, дастгирии табақаҳои осебпазир ва ниёзмандон аст. Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бо ҷалби вакилони халқ, соҳибкорон, саховатмандон ва аъзоёни фаъоли ҳизб  амалҳои хайрро минбаъд низ идома медиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>