Вохӯрӣ дар ноҳияи Спитамен

20200213_171301

Бо  маорифчиёни  ноҳия , дар Қасри фарҳанги ҷ/д Куруш бо сокинон ҷ/д Куруш ва дар ташкилоти ибтидоии Варзишгар вохӯрӣ баргузор гардид, дар ин вохӯрӣ аъзоёни гурӯҳи тарғиботию ташвиқотӣ кумитаҳои  иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд  ва ноҳияи Спитамен корманди шӯбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Шарифзода М.С,  дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Аъзамзод С, собиқадорони ҳизб Солиҷонов Н, Раҷабов Ҳ, Обиди Мансур, иштирок карданд. Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Ойбек Насруллозода меҳмононро ба ноҳияи Спитамен хайрамақдам гуфта, ба аҳли нишаст оид ба маъракаи муҳими сиёсӣ “Интихобот 2020” маълумот доданд. Вакилони кумитаи иҷроияи Вилоятӣ ба сухан баромада оид ба Оиннома ва Барономаи пешазинтихоботии ҳизб суханронӣ намуда, ҳозиринро  даъвад намуда ба ҷонибдории ҲХДТ ва ба номзадҳои арзандаи ҳизб овоз диҳанд. Раиси шӯрои собиқадорони кумитаи иҷроия Ҳафизулло Раҷабов ба сухан баромада оиди таърихи таъсисёбии ҳизб сухарон ронда бо барномаи пешазинтихоботии ҳизб маълумот дода ҳозиринро даъват намуд, ки санаи 1 уми марти соли равон дар интихоботи дар пешистода фаъолона ширкат варзида барои ояндаи миллату Ватани азизамон саҳми босазои худро гузоранд. Дар фарҷоми чорабинӣ Собиқадори меҳнат аз шӯъбаи маориф Обиди Мансур ба сухан баромада, ҳамаи меҳмононро барои ташрифашон хайрамақдам гуфта қайд намуд, ки ҳамаи омӯзгорони шӯъбаи маориф аъзои ҲХДТ буда, барои ҲХДТ ва ба номзадҳои арзандаи ҳизб овоз дода, баҳри ободии Ватани азиз саҳми босазо хоҳанд гузошт.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>