ТАКЯ БА ЭЪТИМОДИ МАРДУМ

Fotoram.io (25)

Гузашти рӯзҳо моро ба яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ наздиктар месозад. Ба ин муносибат намояндагони ҳар як ҳизби сиёсӣ бо овоздиҳандагон вохӯрӣ доир намуда, ҳизби худ ва барномаи панҷсолаи онро муаррифӣ менамоянд.

Бо ҳамин мақсад санаи 17 феврал дар Қисми низомии 3501-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии номзадҳо аз ҳавзаи интихоботии якмандатӣ Хуҷанд-13 бо интихобкунандагони қисми низомӣ баргузор гардид.

Вохӯриро муовини раиси комиссияи ҳавзавии интихобот аз ҳавзаи интихоботии якмандатӣ Хуҷанд №13 Орифҷон Умаров ҳусни оғоз бахшида, дар бораи баргузории интихобот, муаррифӣ шудани номзадҳо ва барномаҳои онҳо сухан ронд.

Дар ин вохӯрӣ дар баробари дигар номзадҳои пешбаргардида номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд -13, Гулбаҳор Назирӣ, ки аз тарафи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд пешбарӣ гардидааст ва шахси боэътимоди ӯ аз барномаи пешазинтихоботии худ назди интихобкунандагон гузориш дода, қайд карданд, ки ҳадафи ҳизб ва ҳадафи номзадони он ин беҳтар намудани сатҳи иҷтимоию иқтисодии кишвар аст ва мушкилиҳои умда, ки имрӯз дар назди мардум қарор дорад, ҳалшаванда аст. Аз ҷумла, қайд шуд, ки ҳизби мо ба сифати қувваи сиёсии бузурги кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад.

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ дар баромади худ таъкид дошт, ки Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро барои солҳои 2020-2025 «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» унвон шуда, ҳамчун барномаи амал ба ҷомеа пешниҳод гардидааст.

Дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рушди афзалиятноки соҳаи саноат, хусусан саноати сабук, хӯрокворӣ ва коркарди маъдан, густариши фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкории хурду миёна, такмил додани сиёсати буҷету андоз ва пулию қарзӣ, идомаи ислоҳоти идораи давлатӣ бо роҳи ташкили хизмати давлатии касбӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, таъмини амнияти миллӣ, волоияти қонун ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия ҳамчун вазифаҳои стратегии марҳалаи нав арзёбӣ мегарданд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>