ХИДМАТ КАРДАН БА ХАЛҚ ШАРАФИ БУЗУРГ АСТ

2 (1)

Дар ҳавзаи интихоботии «Сулҳ»№18 бо иштироки интихобкунандагони ҳудуди ҳавза  вохӯрии номзадон бо номзадҳои пешбаришуда ба Маҷлиси намояндагону маҷлисҳои маҳаллӣ ва шахсони боэътимоди онҳо доир гашт.

Раиси комиссияи ҳавзаи вилоятии интихобот  Хайрулло Нурматов чорабиниро ҳусни ифтитох бахшид.

Сипас, шахсони боэътимоди номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, номзад ба вакили Маҷлиси вилоятии Маҷлиси вакилон халқ Хол Ҳайдар, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд  Исмоилова Фарангис дар бораи ҳаёт ва фаъолият ва Барномаи пешазинтихоботии номзадон ҳозиринро шинос намуданд.

Зикр шуд, ки барномаҳои пешазинтихоботии номзадон дар заминаи Барномаи Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» таҳия шудаанд ва хидмат кардан ба халқро номзадон шарафи бузург меҳисобанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ интихобкунандагон оиди ҳалли мушкилоти низоми нақлиётӣ дар назди кӯдакистони рақами 33, гузаронидани маркази гармидиҳӣ дар муассисаҳои тандурустиву маорифи ҳудуди маҳалла, асфалтпӯш намудани кӯчаи Есенин, пулакӣ будани  хизматии ёрии таъҷилии тиббӣ, истгоҳи интизорӣ надоштани фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, норасогии кадрҳо дар системаи маориф суолҳо дода, аз ҷониби номзадон ва шахсони боэътимоди онҳо посухҳои мушаххас гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>