Вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз

20200213_102020

Дар асоси нақшаи вохӯриҳои номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзадҳо ба вакилии маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд дар тарабхонаи «Висол» бо сокинони Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Ҷалилов А.- мушовири Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Одилзода Р. – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иштирок ва суханронӣ намуда, интобкунандагонро бо Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шинос карданд ва даъват ба амал оварданд, ки рӯзи интихобот ба ҷонибдории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар варақаи овоздиҳӣ дар сатри ҳафтум номнавис шудааст, овоз диҳанд.

Баъдан шахсони боэътимоди номзадҳо ва худи номзадҳо бо Барномаи пешазинтихоботии худ интихобкунандагонро шинос намуданд.

Интихобкунандагон изҳор доштанд, ки рӯзи баргузории интихобот бо ҷонибдорӣ аз ҲХДТ ва номзадҳои арзандаи он раъй хоҳанд дод.

Чунин вохӯриҳо дар тарабхонаи “Раҳимӣ” ва Гимназияи №1-и ноҳия бо интихобкунандагон идома ёфтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>