Вохӯрӣ дар сехи дӯзандагии «Ҳусния»

20200212_105902

Тибқи ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  дар сехи дӯзандагии Ҳусния-Б вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ Давлатов М. — директори Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд, Бобоева З. – дотсенти МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров» ва мудири шуъбаи кор бо занони КИН  ҲХДТ Рустамзода Қ. иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ баромадкунандагон оид ба  муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои давраҳои оянда суханронӣ  намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ  ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  ва ҷиҳати амалӣ  намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва ҳадафи чорум- стратегияи саноаткунонӣ, пешгирии амалҳои ифратгароиву террористӣ, муаӣян кардани вазифаҳои шаҳрвандон, хоса ҷавонон дар самти мубориза бар зидди коррупсия суханронӣ намуданд.          Ҳамчунин, дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мақоми зан дар ҷомеа андешаронӣ карданд.

Чунин вохӯрию мулоқот бо интихобкунандагон дар МТМУ №2-и ноҳияи мазкур ҷараён гирифт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>