Номзадро ҷонибдорӣ мекунанд

IMG_20200214_161530

Дар ҳавзаи интихоботии Айнӣ №12, гурӯҳи тарғиботӣ бо интихобкунандагон мулоқоти номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи  шаҳри Гулистон Мамадҷонов Сӯҳробро  бо иштироки 70 нафар интихобкунандагон доир кард.

– Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон ҳизби ормонҳои миллӣ буда, таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” бо роҳбарии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият мебарад, — гуфт зимни суханронӣ, аъзои гурӯҳи тарғиботӣ, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муяссар Раҳимова.  Сипас,  Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро тарғибу ташвиқ намуда, онро шарҳу тавзеҳ дод.

      Аз тарафи шахси боэътимод Мадалиева З. номзад муаррифӣ карда шуд. Номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи  шаҳри Гулистон  бо самтҳои асосии барномаи пешазинтихоботии худ интихобкунандагонро шинос кард. Дархосту пешниҳодҳои  интихобкунандагон, ки доир ба  ободии маҳал ва чароғонкунии сари роҳ буданд, ба назар гирифта шуданд. Интихобкунандагон ҷонибдории хешро ба  номзад  баён карда, шукрона аз Тоҷикистони маҳбуб намуданд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>