Намояндагони КИМ ҲХДТ дар байни мардум

PDVD_1466

Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Деваштич тибқи қонунгузории интихобот мулоқоти гуруҳи кории Кумитаи Марказии  Иҷроияи ХХДТ бо интихобкунандагони ноҳия баргузор гардид. Вохӯриро  Раиси ноҳия Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади тарғибу ташвиқи барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳо баргузор мегардад. Дар мулоқот Асрор Латифзода — муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Матлубахон Сатториён  – Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд,  Исмоилзода Зуфар Муртазохон – номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони корхонаву муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок намуданд.

            Муовини Раиси ХХДТ Асрор Латифзода зимни баромади хеш қайд кард, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ бо назардошти вазъи аслии кишвар ва дигаргуниҳои ҷахони муосир таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» тартиб дода шудааст. Барнома, чуноне зикр гардид, самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро барои солҳои  2020-2025 фаро мегирад. Таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдат ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, рушди маориф ва илм, тандурустӣ, фарҳанг ва иттилоот, такмили конунгузорӣ, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сиёсати ҷавонон, бонувон, варзиш, сайёҳӣ бахшҳои муҳимтарини Барномаи пешазинтихоботии ҳизб мебошад.

           Ҳамзамон, Раиси ХХДТ дар вилояти Суғд Матлубахон Сатториён оид ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ андешаронӣ кард. Изҳори боварӣ карда шуд, ки интихобкунандагони ноҳияи Деваштич барои муташаккилона гузаронидани интихобот саҳми арзандаи худро мегузоранд.

         Номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Зуфар Муртазохон низ оиди Барномаи пешазинтихоботии хеш сухан гуфт.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>