Тарғиби барномаҳои пешазинтихоботии ҲХДТ

IMG_20200217_105334

 Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳайати ситоди интихоботӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи Барномаҳои пешазинтихоботии ҲХДТ дар шаҳри Конибодом корбарӣ менамоянд.  Ҳайати гурӯҳи мазкур бо роҳбарии Комилӣ И. – директори коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, Ҳасанова Ш. ва Мирзозода Н. – ходимони ҳизбию  давлатӣ, собиқадорони ҲХДТ таи чанд рӯз аст, ки бо интихобкунандагон дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот ва кӯчаву маҳалҳо мулоқоту вохӯриҳо баргузор менамоянд. Зимни баромадҳои хеш тарғиботчиён доир ба барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи ҲХДТ ба интихобкунандагон маълумот доданда,  онҳоро бори дигар ба интихоби дуруст, зиракии сиёсӣ ва иштироки фаъолона дар баргузории  маъракаи муҳими сиёсӣ даъват намуданд.

Ҳамчунин, бо номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии  Конибодом №19 Раҷабзода Равшан Муҳиддин мулоқот оростанд. Сипас, аз ҳавза ва участкаҳои  интихоботӣ дидан намуда, бо насби шиору овезаҳои тарғиботии ҲХДТ дар ҳудуди шаҳр ошно гардиданд.

Ҷараёни мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳи корӣ дар ҳудуди шаҳри Конибодом идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>