Мулоқот бо хонандагон

IMG_20200206_113609

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64-и деҳаи Рункободи Ҷамоати деҳоти Ворӯ  муовини раис, мудири шӯъбаи кор бо занон Парвина Тошева ва мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони  кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мавлуда Тоҷиева бо хонандагони синфҳои болоӣ, ки бори аввал дар интихобот иштирок менамоянд, мулоқот орост.

          Дар ин сӯҳбат сухан аз меъёрҳои Конститутсия , қонунҳо, дигар санадҳои қонунгузорӣ оид ба интихобот дар мамлакат рафта, таъкид шуд, ки иштирок дар интихобот вазифаи шаҳрвандии ҳар сокини болиғ  аст ва бо ин роҳ мо дар идораи давлат иштирок менамоем. Ҳамчунин, ба хонандагон нуктаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ шарҳ дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>