Номзадҳо бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуданд

20200214_112639

Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон вохӯрии номзадҳо ба вакилии  Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзад аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Содиқӣ Насиба баргузор шуд. Дар кори он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзад аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Содиқӣ Насиба, Раиси ноҳияи Шаҳристон Ҷалилзода Ашуралӣ, муовини раиси комиссияи интихоботӣ аз ҳавзаи интихоботии «Истаравшан»№23  Абдураҳмонзода  ва 5 нафар номзадҳо ба вакилии  Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии мазкур, инчунин, зиёда аз 580 нафар интихобкунандагони ноҳияи  Шаҳристон иштирок намуданд.

         Барои шиносоӣ бо  Барномаи пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ аввал намояндаи ҲКТ ва баъд барои таблиғоти Барномаи пешазинтихоботии  ҲХДТ барои солҳои 2020-2025   Содиқӣ Насиба андешаронӣ карданд. Сипас, ба муаррифи номзадҳо ва барномаи пешазинтихоботии номзадҳо ба шахсони боэътимод ва худи номзадҳо сухан дода шуд.

         Бектӯраев Абдувалӣ, раиси шӯрои иттифоқи касаба дар ноҳияи Шаҳристон баромад карда, ба номзадҳо барору комёбӣ орзу намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>