Экстремизм ва терроризм масъалаи мубрами рӯз

мтимммм 426

Таҳти ин мавзӯъ дар утоқи кории раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон соати сиёсӣ доир гардид. Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон зимни баромади хеш, аз ҷумла чунин изҳор кард:

 – Сад шукр мегӯем, ки имрӯз мо дар давлати боамону ором ва пешрафтаву зебо, ки машҳури ҷаҳон гардидааст, зиндагӣ дорем. Ин ҳама ободӣ, пешравӣ ва бунёди роҳу амонӣ, ваҳдату якдигарфаҳмии мардуми фарҳангдӯсти тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро насиб гардидааст. Ба ин неъматҳо шукрона бояд кард. Дар воситаи ахбори омма ҳамарӯза аз хабарҳои ҷаҳон огоҳ мегардем. Бо чашми сар мебинем, ки дар аксар давлатҳои чи қафомонда ва чи пешрафта амният таъмин нест. Мутассифона, ин ҳама пешравиҳо, ободкориҳо, бунёди иншооти азим, сериву пурӣ ва сулҳу амонии кишварамонро на ҳар кас, махсусан, душманони дохиливу хориҷии миллати соҳибтамаддун ва бофарҳанги тоҷик  хуш қабул наменамоянд. Бо ҳар роҳу восита кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки зарари худро расонанд. Ин тоифаи душманон дар дохил ва хориҷ ҷавонони бедонишу бесалоҳият ва нодону гумроҳи миллатро истифода бурда, ҳар гуна таълимоту равияҳоеро, ки на ба дини мубини Ислом ва на ба мазҳабу миллати мо наздикие надорад, ба мағзу хунашон ҷой менамоянд.  Боиси таассуф ва нигаронӣ аст, ки аз давлати мо низ дар хоки давлатҳои ҷангзада, ба мисли Афғонистону Ироқ ва Сурия ҷавонони гумроҳ ба доми фиреби душманон афтида, силоҳро ба даст гирифта, меҷанганд. Барои кӣ ва ба чӣ мақсад меҷанганд, худ ҳам намедонанд. Вақте пай мебаранд, ки ин кору рафторашон хато аст, аз карда пушаймон мегарданд, вале он вақт хеле дер шудааст. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки дар тарбияи фарзандон беаҳамият набошем, аз хурдӣ онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ, хизмат ба Ватан – модар тарбия намоем. Нагузорем, ки ҷавонон роҳи хаторо пеш гиранд ва ҳаёти худро барбод диҳанд. Чунки, ояндаи ӯ ояндаи миллат аст.

Инчунин, аз тарафи фаъолон фикру ақидаҳо иброз шуданд. Дар охир аз тарафи раиси кумитаи иҷроия таъкид шуд, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, барои дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ –  “Интихобот  - 2020” ҳаматарафа кӯшиш намоем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>