Хизмат ба Ватан шараф аст!

изображение_viber_2020-02-24_08-20-30

Дирӯз бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Сангин Ҳоҷӣ”  бахшида ба 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

    Намояндаи кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Солиева М. бо ин рӯз ҳамагонро муборакбод намуда, аз ҷумла, чунин изҳор кард: “бояд шукрона аз Истиқлолияти давлатӣ намуд, ки имрӯз афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки баланди масъулияти касбӣ, вазифаҳои худро содиқона ба ҷо оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузорад, омода мебошанд”.

Сипас, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ҳамеша ватандӯст бошанд, баҳри ҳимояи марзу буми Ватани азиз доимо омода бошанд. Ҳаргиз аз хизмат ба Ватан наҳаросанд, зеро хизмат ба Ватан шараф аст!

    Дар охир хонандагон дар васфи Ватан, Тоҷикистон шеъру таронаҳо қироат намуда, саҳначаи тарбиявӣ ба намоиш гузоштанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>