Фароҳам овардани зиндагии шоиста мақсади ҲХДТ

Fotoram.io (35)

Дар маҷлисгоҳи  Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд бо иштироки интихобкунандагони ҳудуди ҳавзаи интихоботии “Хуросон”, №29 вохӯрии номзадон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ доир гардид.

Раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии шаҳрӣ Хайрулло Нурматов вохӯриро ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Шахсони боэътимоди Гулбаҳор Назирӣ, номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзобаҳодуров Мирзобахтиёр, номзад ба вакилии Маҷлиси вилоятии Маҷлиси вакилони халқ аз ҳавзаи интихоботии «Сирдарё»,  №1 ва Манучеҳра Кенҷазода, номзад ба вакилии Маҷлиси шаҳрии вакилони халқ аз ҳавзаи интихоботии «Хуросон», №29 муҳтавои барномаи пешазинтихоботии номзадонро ба аҳли нишаст шинос намуданд.

Мирзобаҳодуров Мирзобахтиёр ва Кенҷазода Манучеҳра  барои пешбарии номзадиашон ба кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд изҳори сипос намуда, хизмат кардан ба халқро рисолати вакилии худ донистанд. Баён шуд, ки ширкати бисёрсоҳавии «Барс» барои татбиқи амалии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат саъю талош варзида, то ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатии кишвар 1000 нафарро бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин менамояд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ сокинони маҳалла барои дастгирӣ ва ташаббусҳои созанда ба номзадони арзанда изҳори сипос на

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>