ФУТБОЛ МАҲБУБИ ХОССУ ОМ

Fotoram.io (36)

Намуди варзишии футбол миллионҳо мухлисонро ба ҳам овардааст. Дар ақсои олам футбол чун намуди варзишии рақами як маҳсуб шуда, он рамзи дӯстиву баҳамоии халқиятҳи маскуни ҷаҳон гардидааст. Дар кишвари мо низ ба рушди футбол аҳамияти хосса дода мешавад. Баргузории даҳҳо мусобиқаҳо бозгӯи маҳбубияти хоссаро пайдо кардани футбол мебошад.

 Бо иқдоми Муассисаи давлатии Мактаби варзишии 1-и шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и шаҳри Хуҷанд ва Кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар остонаи 27 – умин солгарди таъсиси  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни варзишгарони соли таваллудашон 2007-2008 мусобиқаи футбол доир гардид.

Чорабинии мазкур бо мақсади рушди намуди варзиши футбол, татбиқи Барномаи маҳаллии рушди футбол барои солҳои 2017-2021, ҷалби васеи наврасону ҷавонон ба ин намуди варзиш сурат гирифт.

Дар ин мусобиқаи бонуфуз 8 даста аз мактабҳои варзишӣ иштирок намуда, давоми 11 рӯз байни ҳам рақобат варзиданд. Мусобиқа дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардида, дар даври ниҳоӣ дастаҳои “Хуҷанд” ва “Хуҷанд -2” бо ҳам вохӯрданд. Дар натиҷа дастаи “Хуҷанд -1” бо ҳисоби 4 бар 2 ғолибиятро ба даст оварданд. Зинаи сеюмро дастаи “Садаф” ба даст оварданд.

Ғолибон ва ҷоизадорон бо диплом ва туҳфаҳо қадршиносӣ карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>