Хизмат ба Ватан вазифаи аввалиндараҷаи ҷавонон аст

IMG_20200222_092309

Бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастӣ ва  омода намудани онҳо  барои хизмат ба Ватан бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ва омӯзгор Ҳаким Ҳоҷибоев маҳфили “Ватанпарвар” дар толори  варзишии ташкилоти ибтидоии “Маркази тарбиявӣ” байни муҳассилин ташкил ва баргузор карда шуд.

       Мудири шуъбаи кор бо занон, дар ифтитоҳи чорабинӣ иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуд ва қайд кард, ки тарбияи ватанпарастӣ аз мактаб оғоз меёбад ва дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ рушд меёбад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт,  муҳофизат кардани хоки Ватанро  ёд мегиранд.  Сипас, аъзоёни маҳфили “Ватанпарвар”  машқои ҳарбӣ-варзишӣ аз рӯи намудҳои  сафороӣ, пӯшидани ниқоб, бардоштани штанга, кашидани банд, кори ҳамшафқатӣ, ба қисмҳо ҷудо кардани автоматро бо чусту чолокӣ намоиш доданд.  Ғолибон муайян гардида, ҳавасманд гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>