ТАНТАНАҲОИ ИДОНА ДАР ҚИСМИ ҲАРБИИ 3501

Fotoram.io (37)

27 — умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 3501-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ташкилӣ доир гардид. Ин чорабинӣ бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи шаҳрӣ роҳандозӣ шуда, дар расми ифтитоҳи чорабинии идона сардори Раёсати корҳои дохилии вилоят генерал Навҷувонов  Абдулло Шамс ҳамаи афсарону аскаронро бо ин ҷашни умумимиллӣ табрик намуд.

Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Олимҷон Норматов аз номи роҳбарияти кумиҷроияи шаҳрии ҳизб кулли иштирокдоронро табрик намуда, зикр дошт, ки бистуҳафт сол муқаддам дар вазъияти мушкилу ҳассоси кишвари соҳибистиқлоламон бо ҳидоят ва раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ таъсис ёфт.

Лозим ба зикр аст, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба хоҷагии халқи кишвар зарари калони моддиву маънавӣ расонд. Ҷумҳурии мо аз собиқ давлати Иттиҳоди Шӯравӣ ягон меросе дар самти ҳимояи давлат нагирифт. Ва дар солҳои нахустини фаъолияти хеш Вазорати мудофиаи мамлакат ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ гардид. Бо вуҷуди ин зина ба зина ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, бо роҳандозии техникаву таҷҳизоти муосир, омода намудани мутахассисони баландихтисоси низомӣ имрӯз ба яке аз сохторҳои қудратманд мубаддал гардид.

 Дар ин муддати кӯтоҳ афсарону сарбозон ва кулли хизматчиёни ҳарбӣ дарси мардонагию шуҷоатро азхуд намуда, соҳиби таҷрибаи бойи касбӣ шуданд.

          Хизмати сарбозони далеру шуҷои Ватан махсусан дар давоми солҳои 1993 — 1997 равшан ба назар мерасад. Зеро онҳо дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои террористию экстремистӣ хизмати шоиста анҷом доданд.

Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як нерӯи муқтадир табдил ёфта, барои ҳимояи марзу бум хизмати содиқона анҷом медиҳад.

Чорабинии фарҳангӣ хотири аҳли нишастро боз ҳам

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>