ДАСТОВАРДҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

андеша 27 02 2020

Ба шарофати истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, тамоми миллати тоҷик давраи нави таърихи аз сар гузаронд.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 29 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ Худованд ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшиданд. Сарвари давлати тоҷикон пайваста тамоми кушиши худро ба харҷ медиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд.

Пас ҷангҳои бародаркуш ва хонумонсӯз, баъди нисбатан ором шудани вазъ Пешвои миллат баҳри пешрафти иқтисодиёт ва ба ҳам пайванд кардани минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёд кардани нақбҳоро ба роҳ монданд.

Муаммои дигари душвортарин ин масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, тунелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.

Ҳоло давлати мо дар самти тараққиёт қадамҳои устувор гузошта, дар бисёр нишондиҳандаҳо дар минтақа пешсаф мебошад. Иқтисодиёти Тоҷикистон баланд шуда, мо ба кишвари содиркунанда табдил гардидем. Истихроҷи тиллову нуқра, алюминий ва маъданҳои гуногун, истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, нуриҳои минералӣ, сементу кабел, истеҳсоли автобусҳои замонавӣ камтарин дастовардҳои истиқлолият мебошанд.

Солҳои охир гулгашту хиёбонҳои пойтахти азизамон, шаҳру вилоятҳои дигар ободтару зеботар гашта, маҳбуби дили сокинони пойтахту кишвари азизамон ва меҳмонони шаҳрамон гаштаанд. Дар тамоми даврони истиқлолият, аз тарафи Пешвои фарзонаи миллат бахшида ба ин ё он соҳаи ҳаёт солгард эълон карда мешавад, ки натиҷаи онро дар ҷамъбасти ҳар сол метавон ба хубӣ дарк намуд. Кишваре, ки ҷангзадаву ноором буд, ба як мамлакати ободу зебо ва минтақаи сайёҳӣ табдил ёфтааст. Сол то сол тааҷуби сайёҳон оиди кишварамон баръало мушоҳида мешавад.

Фарҳанги давлат низ дар арсаи ҷаҳон ба таври зарурӣ муаррифӣ ёфта, обрӯю нуфузи худро мустаҳкам гардонд. Бунёд гаштани осорхонаҳо, театрҳо, марказҳои фарҳанг, боғҳои фароғатӣ, гулгашт ва хиёбонҳо дар ҳар як шарҳу ноҳияҳои мамлакат тасдиқкунадаи гуфтаҳои болост.

Дар даврони истиқлолият Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф иқдомоти ҷиддиеро роҳандозӣ карда, ислоҳот ва навсозиҳоро босуръат пеш бурда истодааст. Нишондиҳандаҳои дараҷаи таҳсилот собит месозанд, ки саводнокӣ миёни аҳолии калонсол боло рафта, ҳиссаи шаҳрвандоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мегиранд, бамаротиб афзуда истодааст. Рӯз то рӯз сафи олимону муҳаққиқон зиёд шуда истодааст.

Дар даврони истиқлолият ҷашни миллии мо тоҷикон — Наврӯз мақоми ҷаҳониро соҳиб шуд. Ин ҷашни бостонии мардуми тоҷикро маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз нав эҳё намуданд ва ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки ин сарзамини аҷдодӣ, сарзамини муқаддас аст. Анъана ва суннатҳои неки Наврӯз-ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёинажод, аз ҷониби халқҳои гуногуни Шарқ пазируфта шуда, маънавиёту фарҳанги миллии онҳоро низ афзун сохтааст.

Якчанд осорҳои муҳим бо мақсади баланд бардоштани маърифати динии мардум бо супориши Роҳбари давлат нахустин маротиба китоби Қуръони карим бо забони тоҷикӣ дар се давра бо теъдоди умумии беш аз 200 ҳазор нусха аз чоп бароварда шуда, ройгон ба мардум тақсим гардид. Пешвои муаззами миллат ҷиҳати арҷгузорӣ ба дини ислом ба сохтмони бузургтарин масҷид дар минтақа пардохта, хишти аввали бинои наву замонавии Донишкадаи исломиро гузоштанд. Ба наздикӣ масҷиди бузурги Душанбе ба истифода дода мешавад.

Ба хотири баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар, дар даврони истиқлолият якчанд қонунҳо ва низомномаҳо оиди танзими ҷашну аъана ва маросимҳо қабул гардид, ки натиҷа ва манфиати онро тули 12 -сол дар иқтисодиёти оилаамон ҳис мекунем.

Бо зикри дастовардҳои солҳои даврони истиқлолият ин нуктаро таъкид намудан бамаврид аст, барои ободу зебо ва сарсабзу хуррам гардонидани кишвари азизу маҳбубамон кушиш намуда, барои бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани 30 – солагии истиқлолияти кишвари азизамон ҷидду ҷаҳд намоем. Аз ин рӯ, бояд шукргузорӣ аз он намоем, ки Худованд баҳри мо чунин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебоеро ато намудааст, ки шабеҳ ба биҳишт мебошад.

 

Маҳмудова Ф.М.

Аъзои фаъоли

КИ ҲХДТ дар ш.Хуҷанд

ДПДТТХ

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>