Раиси Кумиҷроия- номзад ба узви Маҷлиси миллӣ

444445

 Санаи 12-уми марти соли равон Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент, даъвати шашум баргузор шуд.

          Тибқи рӯзнома, ки вакилон тасдиқ намуданд, Иҷлосия ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқро, ки санаи 1 марти соли 2020 интихоб шудаанд, тасдиқ намуда,  комиссияҳои доимии Маҷлиси шаҳриро ташкил, низомнома ва ҳайати онҳоро  тасдиқ  кард.

           Иҷлосия  масъалаи пешбарии номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд, № 2- ро баррасӣ намуда, бо пешниҳоди  вакил аз ҳавзаи интихоботии Вашанӣ, № 4  Мукамалова Шоҳида Нарзуллоевна номзадии вакили Маҷлиси шаҳрӣ аз ҳавзаи интихоботии  Кӯҳдоман, № 11,раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Шукурзода Мурод Ҷӯраро ба ин вазифа пешбарӣ намуд. Вакилони Иҷлосия ин пешниҳодро якдилона ҷонибдорӣ карда,  дар ин бора қарор қабул намуданд.

          Бо қарори Иҷлосия рӯйхати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ки дар иҷлосияи якҷояи мақомоти намояндагии вилояти Суғд барои интихоби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд, тасдиқ карда шуд.

                  Дар иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори раёсати маорифи вилоят Каримзода Осим Қосимӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

                                  ****

          Дар иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ, ки имрӯз баргузор шуданд,  пешниҳод дар бораи номзад ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>