Қадршиносӣ аз рӯзноманигорон

IMG_2254

Ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент аз як  гурӯҳ рӯзноманигорони маҳаллӣ қадршиносӣ намуд.

          Ба ин муносибат дар Кохи фарҳанги шаҳр бо иштироки раиси шаҳр Ислом Зиёзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода, рӯзноманигорон, зиёиён ҷамъомад баргузор шуд.

          Раиси Кумиҷроияи ҳизб Мурод Шукурзода аҳли эҷоди шаҳрро бо иди касбиашон шодбош гуфта, ба онҳо барои ҳамкории густурда дар тарғиби фаъолияти ҳизбӣ изҳори сипос намуд ва се ба нафар рӯзноманигорон барои иштироки фаъолона дар озмуни эҷодии  “Ҳизби созанда”, ки ташкилоти шаҳрии ҳизб ба муносибати 25-умин солгарди таъсиси ҲХДТ эълон намуда буд, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард. Ҳамчунин ба 10 нафар рӯзноманигорон ва кормандони  садою симои маҳаллӣ барои ҳамкорӣ  тӯҳфаҳои Кумитаи иҷроия дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>