Изҳороти кафедраи таърихи халқи тоҷик нисбати телевизионии ифротии “Садои мардум”

1 (1)

Дар қатори воситаҳои хабарии марбут ба терроризми байналхалқӣ ва ифротгароён имрӯз телевизиони ба ном “Садои мардум” ҷой дорад, ки марбут ба созмони ифротии “Гуруҳи 24” аст. Албатта ҳамин номи зеборо ин тудаи ифротӣ ҳайф кардаанд. Инҳо мардум нестанд ва садояшон ҳам мардумӣ нест. Балки ҷинояткороне ҳастанд, ки дар ҳамдастӣ бо ҳамкорони наҳзатиашон пайваста ҷиноятҳои зиддимардумӣ содир мекунанд.

Ба Ватану миллати худ хиёнат карданд ва дигар ягон муқаддасоте надоранд. Ба ғайр аз манфиати моддию молиявӣ ягон арзише надоранд. Инҳо ба тамоми воқеаҳо ва руйдодҳои кишварамон дахл мекунанд ва ба таври худ онҳоро гуё таҳлил мекунанд. Дар асл, аз ҳар фурсате истифода мебаранд, то Ҳукумат ва давлати Тоҷикистонро сиёҳ кунанд. Кушиш менамоянд, ки мардумро гумроҳ карда, дар байни онҳо таблиғоти ифротгароёнаи худро густариш диҳанд.

Хуб аст, ки ин нотавонбинҳои бадбахт ғайри ҳарзагуӣ имконияти дигар надоранд. Агар як каме имконият медоштанд, чи бадбахтиҳое ба сари мардум меоварданд. Аслан, аз наҳзатиҳои террорист фарқи зиёд надоранд. Мисли ҳамонҳо душмани миллатанд.

Аҳли устодони кафедраи

таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>