Андешаҳои солимро парварем!

Вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир ва паҳншавии босуръати зуҳуроти басо мураккаб ва баро ҷомеа даҳшатовари ифротгароӣ – терроризм ва экстремизм ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

     Дар шароити тағйир ёфтани вазъи сиёсии ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав ба кишвари мо низ бетаъсир нест. Ин аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар масъулияти дучандро тақрзо дорад. Бо назардошти вазъ мо, омӯзгорон ва волидонро зарур аст, ки дар машғулиятҳо , берун аз соати дарсӣ ба насли наврас, бахусус ҷавонон фаҳмонем, ки ба дасисаҳои гурӯҳҳои ифротгаро фирефта нашаванд. Дар шууру зеҳни ҷавонон андешаҳои солимро парварем.

       Эҳтиром ба арзишҳои миллӣ , ба қадри сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ расиданро дар тафаккурашон ҷо намоем.

         Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм натанҳо вазифаи равшанфикрон , балки вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту комилҳуқуқи ҷомеа аст.

        Ҳамчунин, зарур аст, ки кори созмонҳои талабагӣ , созмони ҷавонон дар соатҳои тарбиявӣ ин мавзӯъ ҷоннок ба роҳ монда шавад, чунки ифротгароён  асосан ба сафи ташкилоту созмонҳои байналмилалии экстремистӣ – террористӣ ҷавононро ҷалб менамоянд.

         Дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ мавқеи махсус дорад, амният ва оромии кишвар ба ҳамдастии давлату ҷомеа сахт марбут аст.

                                                             Мушаррафхон  Нурматова, омӯзгори

                                           МТМУ № 18-и н. Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>