Коронавирус ҷаҳонро нигарон сохтааст Беш аз 100 000 сироят

Наздик се моҳ мешавад, ки дар Ҷумҳурии мардумии Чин вируси нав Covid-19 бо номи коронавирус пайдо гардидаву ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андохтааст. Дар ин асно Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар тамоми кураи сайёра ҳолати фавқулодаи эпедемиологӣ эълом намудаву барои пайдосозии роҳҳои пешгирӣ ва муолиҷаи он беҳтарин мутахассисони соҳаро сафарбар намудааст. Мутаассифона, ин вабо рӯз то рӯз доман паҳн кардаву марзи даҳҳо мамлакатҳои ҷаҳонро убур менамояд ва то ба имрӯз беш аз 100 000 нафарро сироят карда, наздик 3 300 сокинони сайёра ҷони худро аз даст додаанд. Бо вуҷуди ин, аз шумораи умумии гирифторони беморӣ 53 000 нафар табобат ёфтаанд.

Коронавирус ба беш аз 70 давлати дунё, аз ҷумла Чин, Куриёи Ҷанубӣ, Итолиё, Ҳиндустон, Олмон, Эрон ва ғайра роҳ ёфтааст. Таҳлилгарон муайян карданд: дар Итолиё 6387 нафар сироятёфтагон ба қайд гирифта шудаанд, ки дар байни онҳо 4 нафар кӯдак низ мебошад, 366 нафар ба марг расидаанд. Аз 1500 нафари сироятёфтагони коронавирус дар Эрон 54 нафар ҷон бохтаанд.

Тоҷикистон: овозаҳои бардурӯғ ва пешгирӣ пурзӯр

Хушбахтона, сирояти короновирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, аммо чораҳои пешгирии он рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд. Мавриди зикр аст, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат Ситоди ҷумҳуриявии доимоамалкунанда оид ба пешгирии короновирус таъсис дода шудааст, ки ба он намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар шомиланд.

Аммо, чанде пеш хабару овозаҳои дар сомонаҳои интернетӣ нашршуда оид ба сирояти короновирус, ки гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, сокинони кишварро нигарон сохтааст, ки он ягон асос надорад. Коршиносон мегӯянд, ин овозаро гурӯҳи одамони манфиатдор паҳн намуда, мардумро ба тарсу ҳарос андохтаанд. Чӣ тавре ки ҳамагон огаҳанд, хабари бардурӯғ ҳафтаи сипаришуда мардумро барои захираи маводи хӯрокворӣ, аз ҷумла орд ба мағозаву бозорҳо овард ва савдогарон аз ин истифода бурда, нархи ордро аз 200 то ба 350 сомонӣ боло бурданд. Шоҳидони воқеа мегӯянд, амвоҷи одамон дар бозорҳо халт-халта орду макарон, қанд, равған ва дигар молҳои ниёзи аввалро харидорӣ менамуданд. Ин ҳолат дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат ба чашм расидааст. Ҳамчунин, баъзе аз фурӯшандагони дорухонаҳо аз вирус истифода карда, маскаҳои 1 сомониро 5 сомонӣ фурӯхтаанд, ки ин ҳама шаҳодати беинсофист.

Дар асоси чунин овозаҳои бардурӯғ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳафтаи гузашта бо мақсади вохӯриву сӯҳбат бо фурӯшандагону харидорон ва мардум аз бозорҳои калонтарини шаҳри Хуҷанд дидан намуд. Дар бозори Гулистони шаҳри Хуҷанд, ки издиҳоми бештари мардум мушоҳида мешуд, роҳбари вилоят бо харидорону фурӯшандагон сӯҳбат намуда, қайд кард, ки ин овозаҳо асоси воқеӣ надоранд ва мардум ба таҳлука наафтанд.

Ба гуфти Раиси вилоят то кунун дар кишвар ягон мубталои короновирус ба қайд гирифта нашудааст. Гуфта шуд, ки дар вилояти Суғд талаботи солонаи сокинони кишвар ба орду гандум захира карда шудааст. Илова ба ин, ҳамарӯза ба вилоят садҳо тонна орду гандум аз кишварҳои хориҷ ворид карда, тақрибан дар 30 корхонаи ордбарорӣ коркард карда мешавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар сӯҳбат бо сокинони вилоят ба намояндагони сохторҳои дахлдор, роҳбарияти бозор ва соҳибкорон дастур дод, ки арзиши орд аз нархи муқарраргадида боло бардошта нашавад. Ҳамзамон, бо мақсади зери назорати қатъӣ қарор додани арзиши маҳсулот дар бозорҳо ситод таъсис дода мешавад ва нархи наворо назорат мекунад. Роҳбарияти бозор, масъулини соҳаи назораткунанда ва танзимкунанда вазифадор карда шуданд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат орду картошка ва дигар маҳсулоти ниёзи мардумро бо нархи нисбатан паст ба фурӯш бароранд. Талаб карда шуд, ки ҳолати санитарию гигиенӣ ҳатман риоя карда шавад.

Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилоят, иброз кард, ки дар тамоми анборҳои вилоят захираи молу маҳсулоти ниёзи аввалия мавҷуд аст ва мардум набояд ба миш-мишҳою овозаҳои бардурӯғ дода шуда, пайи бештар харидорӣ намудани маҳсулот кӯшиш намоянд. Афзуд, ки орд ҳам мӯҳлати нигаҳдории кӯтоҳ дорад ва ҳоло фасли гармо наздик буда, харидории зиёди маҳсулот боиси гум кардани сифат мегардад. Маҳсулоте, ки мӯҳлати нигаҳдориаш мегузарад, барои саломатӣ зарар дорад. Гуфт, ки мардум бояд хотирҷамъ бошанд. Зеро Ҳукумат ва МИҲД-ҳои вилоят тамоми тадбирҳоро меандешанд. Фақат бояд хотирҷамъ бошанд ва ба гапҳои беасос бовар накунанд.

Худи ҳамон рӯз дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони соҳаи тандурустии вилояти Суғд оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят Маъруф Ҳоҷибоев вобаста ба масъалаи мазкур иттилоъ дод, ки дар тамоми қаламрави кишвар, хоса вилояти Суғд бо мақсади пешгирии коронавирус тамоми чораҳо андешида, то кунун ягон ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ ё ин ки нишонаҳои он ба қайд гирифта нашудааст. Ҳамзамон, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят Умед Нуруллозода зикр дошт, ки аз ҷониби Ҳукумат, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ чорабиниҳо оид ба пешгирии сирояти коронавирус ба роҳ монда шудаанд.

Бо мақсади пешгирӣ аз бемории мазкур ситоди доимӣ таҳти роҳбарии Раиси вилоят таъсис ёфта, то кунун дар ин самт як қатор корҳои назаррас ба сомон расонида шудаанд.

Мутахассисони соҳа иброз доштанд, ки дар нуқтаҳои санитарию карантинии фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд, Хадамоти мусофиркашонии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ нуқтаҳои санитарию карантинии шаҳру ноҳияҳои ба дигар давлатҳо ҳамсоя кушода шудаанд. Онҳо бо  тепловизор ва теплодачикҳо таъмин буда, ҳар як шаҳрванде, ки аз Ҷумҳурии халқии Хитой, Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷопон ва Итолиё ба марзи вилоят ворид мешаванд, бо санҷиши ҳарорати бадан ва муоинаи тиббӣ ва бо карантин фаро гирифта, давоми 14 шабонарӯз таҳти назорати пизишкон мемонанд. Бо ин мақсад дар 10 шаҳру навоҳии вилоят фаъолияти муассисаҳои махсусгардонидаи соҳа ба ин самт равона карда шудааст. То имрӯз 363 нафар бо чунин карантин фаро гирифта, аз он ба 252 нафар пас аз гузаштани ин марҳила роҳхат дода шуд. Хушбахтона, то имрӯз аз байни онҳо ягон нишонаи коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Ҳамзамон, аз ҷониби муассисаҳои соҳа тамоми лавозимоти зарурӣ, аз қабили маводи зидди эпидемиологӣ, ниқобҳои яккарата, сарулибоси махсус, маводи безараргардонӣ ва ғайра ба миқдори кофӣ захира карда шудаанд.

Айни замон молу маҳсулот ба Тоҷикистон аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон ворид шуда, қабл аз воридшавӣ ба хоки Тоҷикистон нақлиёт дезинфексия карда мешавад.

Коронавирус чӣ гуна беморист?

Муовини сартабиби беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд Рустам Бӯрибоев мегӯяд, нишонаҳои асосии пайдошавии коронавирус доштани ҳарорати баланд, дарди сар, дарди мушакҳо, сулфаю атсаи зиёд, нафастангӣ, пневмания, қайкунӣ, дарунравӣ мебошад. Коронавирус тавассути роҳҳои қатрагии ҳавоӣ, вақти сулфидан ва ё атса задан, инчунин, тариқи даст расонидан ба бемор мегузарад. Одатан он ба масофаи як-ду метр паҳн гашта, дар бадани инсон худро ҷой менамояд.

Мутахассисон мегӯянд, ки коронавирус маҳсуби оилаи коронавирусҳо буда, инфексияи зуонозӣ ба ҳисоб меравад. Аз рӯи маълумоти Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ вирус дорои хосиятҳои тағйирпазирӣ буда, ҳолатҳои аз одам ба одам сироятёбӣ низ қайд шудааст. Барои пешгирӣ аз ин вирус ҳар як шахсро зарур аст, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоб пӯшида, пеш аз ҳама, ба қоидаҳои гигиенӣ риоя намуда, дастҳои худро бо собун ё моеъҳои безараргардонӣ шустушӯ намояд. Нуктаи дигар ин аст, ки ҳамарӯза ҳар 10 дақиқа пас бояд чанд қатра об нӯшид, то гулӯ, ҳалқ ва даҳон хушк нашаванд.

Мутахассисиони соҳа беҳдошти шахсии ҳар як шахсро зарур шуморида, бо маводи безараргардонӣ пок кардани ҷои зист, дар ҷойҳои оммавӣ, кӯдакистонҳову муассисаҳои таълимӣ пурзӯр кардани чорабиниҳои безараргардониро муҳим арзёбӣ кардаанд.

Ин вирусро, як навъ зернамуди коронавируси нав шуморида, мегӯянд, дар марҳилаи имрӯза зиёда аз 30 намуди коронавирусҳо маълуманд. Ҳангоми пайдо шудани зернамуди нав организми инсон бо сабаби надоштани масуният наметавонад худро ҳимоя намояд. Дар  ин ҳолат беморӣ вазнин шуда, ба оқибатҳои нохуш оварда мерасонад. Ҷой доштани ҳолати сироятро танҳо санҷиши лабораторӣ муайян карда метавонад.

Мавриди зикр аст, ки чунин вирусҳо ба муҳити атроф бениҳоят ҳассос мебошанд. Зимни таъсири шуои офтоб ва ё ҳарорати гармӣ то 57 дараҷа онҳо зуд маҳв мешаванд, вале дар сардӣ муддати якчанд соат дар муҳити атроф боқӣ мемонанд.

Роҳҳои пешгирӣ аз вирус

Рустам Бӯрибоев мегӯяд, дар ҷойҳои серодам, хусусан раставу бозорҳо камтар гаштугузор кардан лозим аст. Тез-тез шамол додани макони зист, сайр кардан дар ҳавои кушод ва истифодаи меваҷоту сабзавоти аз витаминҳо бой муҳим мебошад.

Барои  пешгирии  беморӣ  бояд, қабл аз ҳама, гигиенаи шахсӣ риоя карда шавад. Ғайр аз ин, то  паст шудани шиддати вирус аз сафарҳои бемаврид ба давлатҳое, ки дар он ҷойҳо нишонаҳои беморӣ пайдо шудаанд, худдорӣ бояд намуд.

Чӣ тавре ки сомонаи расмии АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома дар сомонаи расмии худ аз мардуми мамлакат даъват ба амал овардааст, ки аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо, ба истиснои намози ҷаноза муваққатан худдорӣ намоянд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ додаанд, бо ҳамин мақсад сайругаштҳои оммавӣ дар боғҳои фарҳангию фароғатии ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, ширкат дар маъракаи ниҳолшинонию гулшинонӣ бинобар пешгирии сирояти коронавирус бо иштироки доираи маҳдуд гузаронида мешавад.

Ҳамчунин, барномаҳои ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо даъвати шумораи маҳдуди меҳмонон ва ҳунармандон баргузор мегарданд.

Тибқи дастури  Ситоди доимоамалкунандаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои омодагӣ бо иштироки донишҷӯён ва хонандагон бахшида ба  Наврӯзи байналмилалӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ қатъ карда шуданд. Ҳамчунин, тибқи дастури Ситоди дохилиидоравии доимоамалкунандаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз бемории коронавирус дар дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои вазорат, бахусус дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ гӯшаҳои иттилоотӣ ташкил шуда, барои муваққатан манъ кардани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони кишварҳое, ки дар онҳо шумораи зиёди коронавирус ба қайд гирифта шудааст, худдорӣ намудан аз сафарҳои хидматии кормандон ба давлатҳои хориҷие, ки сатҳи мубталошавӣ ба ин вирус зиёд мебошад, тасмим гирифта шуд.

Инчунин, риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ ва меъёрҳои тозагию беҳдоштӣ дар ҷойҳои кор, бурдани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, хусусан дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, талаб намудани маълумотномаи тиббӣ зимни дастрас гардидани иҷозати корӣ пешбинӣ шудааст.

Табибон зикр намудаанд, ки  вируси корона метавонад то 28 рӯз дар вуҷуди инсон пинҳон бимонад ва замоне таб ва сулфа шурӯъ мешаванд, ки 50 дарсади шуш аз як моеи сафедранг пур шуда, бемор дар хатари марг қарор мегирад.

Оддитарин пешгирӣ аз коронавирусро табибон чунин тавзеҳ додаанд: ҳамарӯза ҳар 10 дақиқа пас бояд чанд қатра об нӯшид, то гулӯ, ҳалқ ва даҳон хушк нашаванд. Чун вируси мазкур вориди даҳон шуда, дар он  бимонад, метавонад вориди ной гашта, аз он ба шуш интиқол ёбад ва ба мушкил мувоҷеҳ шавад. Аммо, ҳангоми  моеоти зиёд масраф кандан  ва даҳону ҳалқро хушк нигаҳ надоштан ин маводи олуда вориди меъда мешавад ва оксиди меъда онҳоро аз байн мебарад.

Ҳамчунин, мутахассисон аз аҳолии ҷаҳон хоҳиш менамоянд, ки ба ҷуз аз ба таври муқаррарӣ шустани дасту рӯ бо собун, инчунин тавсияҳои мазкурро дар хонаҳояшон низ анҷом диҳанд ва бемориро сари вақт пешгирӣ намоянд. Дар заминаи ин, ба шаҳрвандон тавсия дода шудааст, ки зимни мулоқот бо арофиён аз салом додан бо даст худдорӣ намоянд. Аз якдигарро ба оғӯш гирифтан ва бӯсидан низ муваққатан худдорӣ кунанд.

Табибон тавсия медиҳанд, ки одамон бештар дар ҳавои кушод гаштугузор намоянд ва бо мақсади баланд бардоштани қобилияти организм ё масунияти бадан бештар меваю сабзавот ва хӯрокҳои серғизо истеъмол кунанд, ки ба чунин сироятҳо гирифтор нашаванд. Зеро гуфтаанд, ки табиби инсон, пеш аз ҳама, худи ӯст!

Моҳира РАҲИМЗОДА,

“Сухани халқ”

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>