Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!

89863518_1382114465324422_4045177439788204032_o

Дар такя бо ташаббусҳои доимӣ ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ ва кабудизоркунии муҳити атроф, беҳ намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен бо ҷалби идораву ташкилотҳо, соҳибкорону вакилон корҳои зиёдеро гузаронида истодаанд. Аз ҷумлаи онҳо дархости истиқоматкунандагони кучаи ба номи А. Фирдавсӣ оиди обод намудани роҳҳои дохилии ин маҳал мебошад, ки солҳои тулонӣ таъмирро надида, вайрону валангор гашта буданд. Дар рӯзҳои боронгарӣ гузар кардан аз ин кучаҳо барои аҳолӣ ғайриимкон мегашт. Бо дастгирии Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен  Мирзоев Амиршо сангфарш карда, кулҳо пурра бартараф намуда, роҳ ҳамвор карда шуд.

Вакил Мирзоев А. дар доираи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ худ тасмим гирифтааст, ки роҳҳои дохили ин кучаро дар фасли тобистон таъмиру таҷдид намояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>