Наврӯзи гулрез омад

20200313_100602

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба истиқболи иди Наврӯзи байналмилалӣ вохӯриву мулоқотҳоро дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва маҳалҳо роҳандозӣ менамояд. Дар вохӯриҳо доир ба ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ ва нақши он суҳбат гузаронида, қайд карда шуд, ки Наврӯз дар тасаввури мардуми ориёӣ ғалабаи нур бар зулмот ва некӣ ба бадӣ мебошад. Ниёгони мо дар арафаи ин ҷашн ба тозаю озода гардонидани хонаву дар ва маҳалли худ машғул мешуданд, ба аёдати беморон ва солхӯрдагон мерафтанд, ашёҳои кӯҳна ва шикастаашонро мепартофтанд.Бонувон хӯрокҳои миллӣ омода намуда дар маҳалла ҳама якҷоя Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. Ин анъанаҳои наврӯзӣ имрӯз низ дар байни мардум ба назар мерасад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>